ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН -2023. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат ғолиб гардид

Декабрь 2, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври сеюми марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон бар дастаи футболи   «Куктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ ғолиб омада, пеш аз муҳлат ғолиби Чемпионати Тоҷикистон -2023 оид ба футбол шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо дар «Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе» доир гардида, бо ҳисоби калони  4:1 ба фоидаи дастаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи «Истиқлол» – Алишер Ҷалилов ду маротиба, Шервонӣ Мабатшоев ва Амадонӣ Камолов ба нишон  расониданд. Ягона голи дастаи  футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Муҳиддин Одилов ба нишон расонид.

Пас аз ин пирӯзӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шумораи имтиёзҳояшро дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон -2023 ба 43 адад расонида, аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, ки дар ҷои дуюм аст, 9 имтиёз бештар ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 12-ум чемпиони Тоҷикистон гардид.

                                                   АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 2, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд