РУШДИ МАОРИФ. Дар деҳаи Саттор Раҷабови шаҳри Турсунзода сохтмони бинои муассисаи таълимӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорони маҳалливу сокинони деҳот дар деҳаи Саттор Раҷабови Ҷамоати деҳоти Навобод сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода.
Бинои мактаб аз ду ошёна, 16 синфхона ва як утоқи кори омӯзгорон иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дар майдони зиёда аз 0,50 гектар сохта мешавад.
Ҳоло хонандагони ин деҳа бо тай намудани зиёда аз 1,5 км роҳ дар муассисаҳои таълимии ҳамсоядеҳа таҳсил доранд.
Ташаббускорон ният доранд дар заминаи ин мактаб, ки майдони фарохро дар бар мегирад, майдончаи варзишӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон низ бунёд намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?






