Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Эрон баргузор мегардад

Декабрь 24, 2023 15:42

ДУШАНБЕ, 24.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 29 декабр дар маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии  дастовардҳои илмию фаннӣ, маҳсулоти беш аз 50 ширкати эронӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар самтҳо мебошад.

Соҳибкорони Тоҷикистон, ки ин намоишгоҳро тамошо менамоянд, имкони пайдо намудани шарикони нави тиҷоратиро бо намояндагони ширкатҳои эронӣ ба даст меоранд.  Ҳамзамон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз истеҳсолкунандагони эронӣ молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.

Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, ба густариши робитаи тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол байни ду давлат кумак менамояд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 24, 2023 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»