Дар Душанбе вобаста ба амалишавии ду қонуни миллӣ ҳамоиш доир гардид

Декабрь 9, 2023 15:37

ДУШАНБЕ, 09.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов бо иштироки устодону донишҷӯёни муассиса ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мазмуну моҳияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва риоя гардидани онҳо аз ҷониби ҷавонон, инчунин камхарҷу сода баргузор намудани чорабиниҳо, иду ҷашнҳо ва тӯю маъракаҳо маъруза намуданд.

Аз ҷумла, вобаста ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳифз намудани Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, муқаддасоти Ватан, ҳимояи марзу буми мамлакат сухан гуфтанд.

Тазаккур дода шуд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҷавононро бояд тавре тарбия намоем, ки онҳо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок намуда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки қабули қонунҳои миллӣ аз иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат дода, онҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва тарбияи дурусти шаҳрвандон нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки аҳамият ва муҳимияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро ба назар гирифта, имрӯзҳо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин таҷрибаи нодир истифода мебаранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд