Дар хатсайрҳои автобусҳои мусобирбари шаҳри Бохтар низоми чиптаҳои электронӣ ҷорӣ мешавад

Декабрь 16, 2023 12:12

ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» дар шаҳри Бохтар низоми пардохти электронии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои дохилишаҳриву беруназшаҳрӣ фаъол мешавад. Вобаста ба ташкили низоми ҳамгироишудаи хариду фурўши чиптаҳои электронӣ барои дохили автобусҳо, то имрӯз аз ҷониби ҶДММ «Авесто-Гурӯҳ» дар асоси қарордод 40 ҳазор кортҳои нақлиётӣ фармоиш дода шудааст. Дар ин хусус 14 декабри соли равон зимни муаррифии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба истифода дода шуда, ки дар он 130 нафар шаҳрвандон ба ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуданд.

Аз 41 воситаи нақлиёти муссофирбари ба корхона воридгардида, 11 адад автобус дар хатсайри Бохтар-Кӯшониён-Вахш фаъолиятро оғоз намуда, ҳамарӯза дар ин хатсайр аз 3500 то 4000 мусофир аз хизматрасонии босифати автобусҳо истифода мебаранд.

Бо татбиқ шудани лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияиҳои наздики он акнун аз автобусҳои хуштарҳу замонавии истеҳсоли ватанӣ истифода мебаранд.

Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни кам ва кўтоҳ будан барои фаъолият дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои атроф мусоид мебошанд. Дар баробари ҳамин автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва воситаҳои вориду хориҷшавӣ барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» баҳри боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии вилояти Хатлон, фаъол кардани хатсайрҳои нав ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамлу нақли бехатари мусофирон ва хизматрасонии шоиста муваззаф мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар» 

Декабрь 16, 2023 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст