Дар Хоруғ ярмаркаи навбатии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 декабр дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Ин иқдом бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалӣ гардида, дар он маҳсулот, аз қабили гӯшт, картошка, сабзӣ, карам, пиёз, биринҷ, макарон, себу нок, консерваҳо ва маҳсулоти шириву қаннодӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони шаҳру вилоят гардид.
Намоиш-фурӯши маҳсулотро роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ тамошо намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровонтар намудани номгӯи маҳсулот дастуру супориши мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки нархи маҳсулоти чунин намоишҳо бояд аз бозор нисбатан арзон бошад. Ҳамчунин бояд ба сифати маҳсулоти мавриди ниёзи аввал таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти кишоварзон аз нархи бозор 20-30 фоиз арзонтар буд, ки харидорон аз ин қаноатманд гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад






