Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор вобаста ба роҳҳои муқовимат ба коррупсия ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ҲИСОР, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор дар мавзуъҳои «Таърихи пайдоиши коррупсия» ва «Омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодии густариши коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он дар Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Коллеҷи тиббӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки имрӯзҳо мушкилоти коррупсия дар соҳаҳои гуногуни фаъолият дида мешаванд. Омилҳои коррупсионӣ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф халал мерасонанд. Илова бар ин, фасод аз ҳама бештар ба рушди иқтисод, низоми молӣ ва дар маҷмуъ, ба тамоми зерсохторҳои давлат таъсири манфӣ мерасонад.
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имконияти он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар мебошад. Хурсандиовар аст, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо ва барномаҳои гуногун қабул шудаанд.
Дар мавзуи «Таърихи пайдоиши коррупсия» гуфта шуд, ки коррупсия таърихи қадимӣ дошта, яке аз муҳимтарин масъала ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Таҳқиқи илмии ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оғоз гардид. Замоне, ки муаррихон ҷузъиёти ин ё он зуҳур ва падидаи ришвахӯриро сабт менамуданд, андешаи ҷомеа дар атрофи он ҳамчун амали дур аз ахлоқ, ки тобиши ҷиноятӣ дорад, ташаккул меёфт.
Дар даҳсолаҳои охир ҷомеаи башарӣ бо якчанд мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли худро тақозо менамоянд. Аз ҷумла, яке аз онҳо боло рафтани сатҳи зуҳуроти коррупсионӣ мебошад, ки ба амнияти давлату миллатҳо, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар умум ба ҳаёти инсоният таҳдид менамояд.
АКС: Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






