Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов моҳипарварӣ рушд меёбад

Декабрь 3, 2023 09:37

СУҒД, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта, ҳавзҳои нави моҳипарварӣ таъсис дода мешаванд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нақшаҳои созандаи хоҷагии моҳипарварии «Хайри сафо» шинос шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хайри сафо» дар навбати аввал аз хориҷи мамлакат тухми моҳӣ ворид намуда, ният дорад дар рушди моҳипарварӣ саҳм гузорад. Бояд гуфт, ки ҷамъият навтаъсис буда, метавонад дар як моҳ то 300 ҳазор дона моҳӣ истеҳсол намояд.

Бо амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи ҷамъият ояндаи наздик то 1000 тонна моҳӣ содирот мешавад. Ҷамъият дар нақша дорад, ки минбаъд истеҳсоли моҳиро ба роҳ монад ва бо ин роҳ самти фаъолиятро васеъ ва ҳаҷми истеҳсоли моҳиро зиёд намояд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ҳавзҳои нақшавӣ идома доранд.

Дар ин мавзеи ноҳияи Ҷаббор Расулов моҳи апрели соли равон марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ба истифода дода шуд. Ҳавзҳои моҳипарварӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи моҳии тоҷик» дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши 100 ҳазор моҳича ба роҳ монда шудааст.​

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 29 июли соли 2021 дар масоҳати 40 садяк замин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ сабт шудааст. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Айнӣ ва дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакент фаъолият менамоянд, ки дар онҳо асосан моҳии зотҳои амури сафед, пешонапаҳми сафед, зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, тосмоҳӣ ва чанд намуди дигар парвариш мешавад. ​

То 1 ноябр беш аз 684 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 185 тонна зиёд мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Декабрь 3, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад