Дар ҳошияи COP28 чорабинии канорӣ дар мавзуи «Шабакаҳои лабораторӣ: муҳимият, мушкилот, комёбиҳо ва нигоҳи он» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи COP28 чорабинии канорӣ дар мавзуи «Шабакаҳои лабораторӣ: муҳимият, мушкилот, комёбиҳо ва нигоҳи он» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад.
Дар чорабинии канорӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, директори минтақавии Каритаси Швейтсария дар Осиёи Марказӣ Шинан Кассам, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон Баҳодур Шерализода ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти амнияти озуқаворӣ, яъне назорат дар самти байторӣ, фитосанитарӣ, тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, инчунин тарзи додани иҷозатномаҳои воридот, содирот ва транзити молҳои назоратшаванда сухан гуфт.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон






