Дар Остона «Бренди миллии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид

Декабрь 6, 2023 09:32

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остона «Бозори XIV байналмилалии хайриявии – ASA» бо иштироки 47 давлат ва ташкилоти хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ин чорабинии хайриявӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон, диаспораҳои тоҷик иштирок намуда, ғурфаи  Тоҷикистонро маҳсулоти баландсифати ватанӣ, аз қабили ширкати қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширин», корхонаи истеҳсоли об ва маҳсулоти машруботии «Сиёма», ширкати «Асрори санг», асбоби мусиқӣ, саноати дастӣ, донагию мева, ғизоҳои миллӣ ва либосҳои тарроҳони шинохтаи тоҷик зери нишони «Бренди миллии Тоҷикистон» бо сабки хоса ороиш доданд.

Бояд гуфт ки гӯшаи Тоҷикистон ба иштирокдорони чорабинӣ, ки зиёда аз 10 000 нафар буданд, писанд омада, теъдоди харидорони маҳсулоти  ватанӣ   зиёд буд.

Дар ин чорабинӣ тамоми давлатҳои хориҷӣ маҳсулоти истеҳсоли ватании худро ба фурӯш гузошта, маблағи онро ба хона-интернат ва ятимхонаҳо интиқол доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2023 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд