Дар шаҳри Ню-Йорк нишасти нахустини Гурӯҳи «Дӯстони пиряхҳо» баргузор гардид

Декабрь 19, 2023 16:54

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти ҳамраисии намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Аргентина дар СММ нишасти нахустини Гурӯҳи «Дӯстони пиряхҳо» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ташкил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Гурӯҳ бо ибтикори Тоҷикистон ва Аргентина бо мақсади татбиқи ваколатҳои қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеа ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, таъсис дода шудааст.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ зимни ин чорабинӣ  аҳаммияти мавзуи ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси ин гурӯҳро таъкид намуда, татбиқи саривақтии қатъномаи гуфташударо барои ҳалли мушкилиҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (соли 2025 дар Тоҷикистон) муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 19, 2023 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд