Дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳҳои мубориза бо Сovid ва зукомро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Эмгузаронӣ ва пӯшидани ниқобҳо роҳи асосии мубориза бо бемории Сovid ва зуком боқӣ мемонад,-изҳор намуд ба РИА «Новости» намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Русия Мелита Вуйнович, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Пеш аз ҳама, мехоҳам иброз намоям, ки мақомоти маҳаллӣ ва миллии тандурустӣ манбаи боэътимодтарини тавсияҳо ба аҳолӣ оид ба чораҳои пешгирии инфиродӣ дар тамоми давлатҳо маҳсуб мешаванд. Агар мо дар бораи тавсияҳо сухан мегӯем, пас ҳам ҳангоми Covid-19 ва ҳам зуком эмгузаронӣ ҳаётро наҷот мебахшад. Ваксинаҳо беҳтарин роҳи мубориза бо ин бемориҳо боқӣ монда, бемориҳои шадид ва фавтро пешгирӣ менамоянд»,-гуфт ӯ.
Ҳамчунин Вуйнович иброз дошт, ки яке аз ҷузъҳои маҷмуи чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо маҳдуд намудани паҳншавии Covid-19 ниқобҳо мебошанд. Онҳоро бояд дар ҷойҳои серодам, пӯшида ё дорои ҳавогузаронии бад истифода намуд.
«Ба шумо тавсия дода мешавад, ки ба ғайр аз ҷойҳои дар боло гуфташуда, инчунин дар ҳолатҳое, ки шумо ҳангоми дар як ҳуҷра бо одамони дигар буданатон фикр мекунед, ки метавонед ба Covid-19 дучор шавед ё агар шумо дар як фазо бо шахсе, ки дорои нишонаҳои Covid-19 мебошад, ё касе, ки натиҷаи санҷиши ковид-19-и ӯ мусбат баромадааст, қарор доред; агар шумо дар фазои ҷамъиятӣ қарор доред ва ё шумо беморие (масалан, диабети қанд, бемориҳои дилу шуш, саратон ва ғайра) дошта бошед ё синнатон аз 60 болотар бошад, бояд ҳатман ниқоб пӯшед,», — таъкид намуд намояндаи созмон.
АКС аз манбаъҳои боз








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






