ДАРАХТ БИНШОН! Дар Бохтар ниҳолҳои ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонида шуданд

Декабрь 12, 2023 10:54

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо оғоз гардидани мавсими ниҳолшинонӣ дар қитъаи замини ёрирасони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ки чор гектарро ташкил медиҳад ва дар ҳудуди шаҳри Бохтар, шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Бохтар-Панҷи Поён ҷойгир аст, бо иштироки кормандону мутахассисони соҳа ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил шуда, ниҳолҳои ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар иттилоъ медиҳад.

Минбаъд дар ин ҷо парвариши ниҳолҳои  гуногуни сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дар назар дошта шудааст, ки ба сарсабзу хуррамгардонии мавзеъҳои дигар мусоидат менамояд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар Шамсиддин Халилзода, сол аз сол назорати раванди ниҳолшинониву сабзазоркунӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, шуруъ аз интихоби ниҳол, макони шинонидани он ва кандани чуқурӣ дигар қоидаҳои агротехникии ниҳолшинонӣ ва нигоҳубину сабзиши онҳо  ба инобат гирифта мешавад.

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар ба сабзазоркунӣ ва беҳдошти муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, сарсабзиву хуррамии гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу-фароғатӣ ва назди биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ ба ҳусни шаҳр таровати тоза зам менамояд.

Дар шаҳри Бохтар дар баробари ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ҳамзамон бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинону кормандони ташкилоту муассисаҳо пайваста ҳашарҳои экологии тозагии соҳил, тозагии маҳал ва тозагии шоҳроҳ гузаронида мешаванд. Ба ин восита муҳити атроф, бахусус марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳо тозаву озода гардонида мешаванд.

Ҳашарҳои оммавӣ имкон медиҳанд, ки тарзи ҳаёти солим ва маърифати экологӣ байни аҳолӣ тарғиб гардида, муҳити атроф тозаву озода нигоҳ дошта шавад.

АКС: Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Декабрь 12, 2023 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд