Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода: «Мубориза бар зидди коррупсия вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат мебошад»

Декабрь 9, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз хатарҳое, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи  он  дар арсаи  ҷаҳонӣ  таъсири манфӣ  мерасонад, коррупсия мебошад. Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар ҷумҳурии  мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ  зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда  шавад. Бо ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оғоз гардидааст мақолаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия.

Дар идома муаллиф чунин нигоштааст:

— Коррупсия чун зуҳуроти номатлуби ҷомеа дорои решаҳои амиқи таърихӣ мебошад. Ин зуҳуроти манфур дар шакли ба замони худ хос зуҳур намуда, ба низоми ҳар як давлату давлатдории ҷаҳон таъсири манфии худро расонидааст. Аз умқи таърих сиёсатмадорон бо андешидани тадбирҳои зарурӣ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бо ҳар роҳу восита садди роҳи ин вабо гардида, раванди иқтисодию иҷтимоии давлати худро ба як низоми муайян дароранд. Вале ҷиноятҳои коррупсионӣ ба худ шакли нав гирифта, то замони мо низ омада расидаанд. То ҳол ба ягон давлати дунё муяссар нашудааст, ки коррупсияро дар низоми давлатдории худ пурра аз байн барад.

Дар шароити кунунӣ бо рушд ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ коррупсия сарҳади давлатҳоро убур намуда, он ба яке аз  масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.

Бо дарки оқибатҳои нангини содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ давлатҳои дунё ба хулосае омаданд, ки дар сатҳи байналмилалӣ санади меъёриеро қабул намоянд, ки он тавонад дар роҳи  муборизаи дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб асоси воқеию ҳуқуқӣ гардад.

Барои расидан ба ин ҳадаф бо ибтикори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул гардида, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи Мексика Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ баргузор шуд. Конвенсияи мазкур моҳи декабри соли 2005 эътибор пайдо намуда, то имрӯз 190 давлат онро чун санади байналмилалӣ  эътироф ва қабул намудааст. Аз ин ҷост, ки бо тасмимоти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон карда шуд.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикист 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардид.

Дар заминаи Конвенсияи мазкур бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, таъмини шаффофият дар хизмати давлатӣ, амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия,  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Инчунин дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия зиёда аз 20 санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва 3 санади барномавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсия муқаррар гардид.

Бояд тазаккур дод, ки барномаҳои давлатии болозикр ба тақвияти раванди таъмини шаффофият дар идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани як қатор маҳдудиятҳо ва ошкору бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда таҳкурсии боэътимодро фароҳам овард.

Айни ҳол дар Тоҷикистон тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои паст намудани шиддати коррупсия, муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, ошкор, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва бартараф намудани оқибатҳои нангини ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд муқаррар карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин зуҳуроти номатлубро дар  суханрониву мулоқотҳо махсусан таъкид менамоянд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки «коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи мамлакат буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».

Дар воқеъ, коррупсия имрӯз дар қатори дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое эътироф шудааст, ки он ба сулҳу субот, оромии ҷомеа ва истиқлолияти комили давлатҳо таҳдиди бевосита дорад.

Бинобар ин, бо дарки оқибатҳои нангини ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ муқовимат ба он яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон боқӣ монда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд, чораҳои муассир андешида мешаванд.

Бояд дар хотир дошт, ки танҳо як мақомот қодир нест, ки дар кори муқовимат ба коррупсия ва паст намудани шиддати он ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Дар ин кор зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бетарафӣ зоҳир накарда, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муқовимат ба коррупсия саҳмгузор бошад.

Тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат мебошад».

Бо такя ба суханони Сарвари давлат аз ҳар як фарди бо нангу номуси Ватан, аз ҳар як фарди хештаншиносу бедордил даъват ба амал меоварем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз миллату давлати хеш, бо шукргузорӣ аз Истиқлол, фазои орому осуда зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аз як гиребон сар бароварда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз, посдории сулҳу субот, решакан намудани коррупсия ва ҷинояту ҷинояткорӣ дар сафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гиранд, зеро танҳо бо ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии миллӣ мо метавонем ба ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионии мамлакат ноил гардем.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент