Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»

Декабрь 5, 2023 12:54

ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон намоям, ки илова ба иҷрои вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ки имрўз дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён намуданд.

Пешвои миллат тазаккур доданд, ки «академик Бобоҷон Ғафуров дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мебошад. Ин асар бори аввал соли 1947 дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Арзиши баланди илмии китоби мазкур ҳамчун дастоварди илми таърихшиносии тоҷик дар он ифода меёбад, ки се маротиба – солҳои 1949, 1952 ва 1955 ба забони русӣ дар Москва ба нашр расидааст. Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд».

Устод Садриддин Айнӣ чопи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро бо хушнудӣ истиқбол намуда, онро такони ҷиддӣ дар дарки илмии гузаштаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна, қабл аз ҳама, тоҷикон ҳисобидааст.

Мавриди тазаккур аст, ки маҳз баъди нашри ин китоб Бобоҷон Ғафуров аз тарафи мутахассисони соҳа ҳамчун асосгузори илми таърихи тоҷикон эътироф гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2023 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид