Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад»

Декабрь 4, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 4.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре  АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дуюми декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинӣ дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-28)  дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд.

Сарвари давлат изҳор намуданд, ки истифодаи долонҳои нақлиётӣ ва транзитии минтақавӣ, ки ба талаботи Барномаи амали Вена ҷавобгӯ мебошад, қобили қабул буда, «ҷониби Тоҷикистон уҳдадориҳои худро ба муқаррарот ва тавсияҳои Барномаи амали Вена барои таҳкими пайванди он ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ ва мусоидат ба густариши тиҷорати зерминтақавӣ ва минтақавӣ равона месозад. Умед дорем, ки бозбинии ҳамаҷониба зимни Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид (2024) барои ҳалли эҳтиёҷоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ҷалби кумакҳои байналмилалӣ имкони муносиб фароҳам меорад. Ҳамчунин истифодаи мақсадноки иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ барои дастрасии зудтар ба ҳадафҳои рушди устувор мувофиқ аст».

Президенти мамлакат ҳамчунин гуфтанд, ки истифодаи мақсадноки иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ барои дастрасии зудтар ба ҳадафҳои рушди устувор мувофиқ мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз минбари баланди ҷаҳонӣ оид ба талошҳои Ҳукумати мамлакат дар татбиқи усулҳои иқтисоди «сабз» ба роҳбарони давлатҳо маълумот дода, гуфтанд, ки «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад. Неругоҳҳои обӣ, ки 98 фоизи неруи барқро дар Тоҷикистон тавлид месозанд, манбаи аслии энергияи «сабз» дар мамлакат ба шумор мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани мувозинати тавлид ва истифодаи неруи барқ тавассути навсозӣ ва афзоиши иқтидори неругоҳҳои мавҷудаи худ тадбирҳои ҳамаҷониба меандешад».

Зимнан, аз тарафи Ҳукумати мамлакат «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул ва он мавриди амал қарор дода шудааст. Дар баробари ҳамин барои зиёд намудани ҳиссаи энергияи таҷдидшаванда дар давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ сармоягузории бештари кишварҳои мутараққӣ зарур аст.

Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ даъват намуданд, ки дар чорабиниҳои обии дарпешистода дар Душанбе фаъолона иштирок намоянд, аз ҷумла барои иштирок дар Конфронси хотимавии Даҳсолаи амал, ки  соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ба Душанбе ташриф оранд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад
ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд