ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Бадахшон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба Артиши миллӣ ҷамъбаст ва намояндагони касбу кори гуногун қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, намояндагони мақомоту сохторҳое, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ саҳми муносиб гузоштанд, бо «Сипоснома»-и Раиси вилоят, «Ифтихоронома»-и Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медал қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ Раиси вилоят Алишер Мирзонабот, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, аъзои комиссияи даъватӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сардорони идораю муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ, раёсату шуъбаҳо ва волидайну даъватшудагон барои идроки баланди масъулият, сарҷамъона, бо сифати баланд анҷом додани ин маъракаи муҳими сиёсӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Гуфта шуд, ки зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ сатҳи ҳуввияти миллии насли ҷавон боло рафт. Ҳамин ва дигар омилҳои мусбӣ шароити мусоид фароҳам оварданд, ки вилояти мо, нақшаи даъвати тирамоҳии соли ҷориро низ чун анъана, дар рӯзи аввали даъват ба иҷро расонад. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва умуман мавқеи устувори шаҳрвандии сокинони Бадахшон баҳои сазовор дода, онро намунаи беҳтарини ватандорию миллатдӯстӣ арзёбӣ менамоянд.
Таъкид гардид, ки новобаста аз пешрафти технологияи муосири ҳарбию ҷангӣ, то ҳанӯз омили инсонӣ дар ҷодаи мудофиаи ҳарбӣ нақши муассир дорад. Он артише нерӯманд аст, ки аз генерал то сарбози қаторӣ дар сафҳои он дорои ҳуввияти баланди миллӣ буда, қалбан, руҳан ва ботинан омодаи ҷоннисорӣ барои Ватан ва арзишҳои муқаддаси он бошанд. Зеро вазъи имрӯзаи пурмоҷарои ҷаҳон, ки пешгӯинашаванда ва зудтағйирёбанда мебошад, моро ҳушдор медиҳад, ки дар ин ҷода ҳамеша омода ва устувор бошем.
Соли ҷорӣ бо дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят зиёда аз 30 дидбонгоҳи нави замонавӣ барои сарҳадчиён сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Айни замон кор дар ин самт идома дорад. Инчунин заминаи моддӣ ва таҷҳизотии дигар сохторҳои мудофиавию ҳуқуқӣ ва амниятӣ низ таҳким ёфт.
Иброз гардид, ки бо мусоидати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шароити буду боши хизматӣ, балки вазъи зисти хизматчиёни ҳарбӣ низ ба куллӣ беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ, дар қатори хизматчиёни давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа, ба хизматчиёни ҳарбӣ низ хонаҳои барҳаво барои зист аз ҷониби давлат ҷудо шуданд.
Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён миннатдории Вазири мудофиаро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввал расонд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат шароити буду бош ва хизмат дар қисмҳои низомӣ ба маротиб беҳтар гардида, моро водор менамояд, ки қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намоем.
Маросими мазкур бо пешниҳоди барномаи рангини консертии аҳли санъати вилоят, ки бо суруду таронаҳои ватандӯстона мураттаб гардида буд, анҷом ёфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд






