Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд

Декабрь 21, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат рӯзона ба 14+18 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 12+17, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 21, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад