ИСТИФОДАИ САМАРАНОК, ОҚИЛОНА ВА МАҚСАДНОКИ ЗАМИН. Барои гирифтани зиёда аз ду ҳосил талош бояд намуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол нахустин маротиба дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ»-и ноҳияи Ёвон хоҷагидорон бо татбиқи таҷрибаи нави истеҳсолӣ дар масоҳати 1 гектар кишти барвақтии картошка зери плёнкаро гузарониданд. Саҳмдорони хоҷагӣ бо парвариши ин навъи сабзавот талош доранд, ки дар фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса и сазовор гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки 15 декабри соли равон зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» соли 1999 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Усмоналӣ Раҷабов дар масоҳати 9 гектар замини обӣ ташкил гардида, ҳамасола зироати гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Дар хоҷагӣ имсол дар кишти асосӣ дар масоҳати 2 гектар гандуми навъи «Кроснадар» ва дар 3 гектар картошкаи навъи «Галла» кишт шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти зироати хӯроки чорво, аз ҷумла беда мебошад, ки ин навъи зироат дар 4 гектар замини хоҷагӣ корида шуда, ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад.
Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагидорон номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишт намуда, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбуди рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳм мегузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ҳоҷагидорон ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди босуботи ҳама давлатҳои тараққикардаи дунё маҳз аз пешрафти босуръати соҳаи кишоварзӣ оғоз ёфтааст.
Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии мамлакат як қатор ислоҳотҳои ҷиддӣ ва муҳим амалӣ карда шудаанд, ки мақсади асосии онҳо афзоиши маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошанд.
Аз ин лиҳоз, истифодаи самараноки обу замин ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳими ҳар як олими соҳа ва кишоварзони мамлакат мебошад.
Фаровонии бозорҳо бо маҳсулотҳои тару тозаи кишоварзӣ ин аз риояи муҳлати кишти зироати кишоварзӣ вобаста мебошад. Камҳосилӣ ва хуб нашъу намо наёфтани зироати кишоварзӣ дар бисёр ҳолатҳо- ин риоя нагардидани муҳлати кишти зироат ба ҳисоб меравад. Майдонҳое, ки барои кишти зироати кишоварзӣ омода шудаанд, вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо бояд, ки муҳлати кишти онҳо ҳатман риоя шавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир бунёди гармхонаҳо вусъат ёфта истода, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳм мегузоранд. Сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ низ гармхонаҳои хурду калон бунёд намуда, бо истифода аз роҳу усулҳои пешрафта ва таҷрибаи озмудашудаи деҳқонони номдор, зироати гуногуни кишоварзиро кишту парвариш менамоянд.
Сол аз сол миқдори заминҳои корам зиёд гардида, заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.
Заминро самаранок, оқилона ва мақсаднок бояд истифода бурд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат бо он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар мамлакати мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид






