ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон пастшавии тадриҷии ҳарорати ҳаво дар назар аст

Декабрь 27, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ба ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ пастшавии тадриҷии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония, дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон бо суръати то 20-25 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

29-30 декабр бо сабаби баландшавии чангу ғубор дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.

Шахсони гирифтори бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд.

Декабрь 27, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид