ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023. Дастаи футзали «Соро компания» — и шаҳри Душанбе ин мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои марҳилаи ¼-ниҳоӣ дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Рахш Такси»-и шаҳри Душанбе рақобат намуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар Маҷмааи варзишии «Кохи олимп»- и шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи шогирдони Пайрав Воҳидов ба анҷом расид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин рақобат аз ҳайати дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров ба задани гол муваффақ гардиданд. Як голи дигарро ҳамчун худгол бозигари дастаи футзали «Рахш Такси»-и шаҳри Душанбе Абдуқаюм Умаров ба нишон расонид. Голҳои дастаи рақибро Сиёвуш Қаюмов ва Ибодулло Назиров ба нишон расониданд.
Бо ҳамин тартиб, дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ба марҳилаи ½-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал баромад. Барои роҳхати марҳилаи ниҳоӣ дастпарварони Пайрав Воҳидов бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Самандар» ва «Панҷшер» бозӣ менамоянд.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ Идрис Ёров аз ҳайати дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дониста шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






