Роҳбарияти ширкати «Пеленг» бо фаъолияти низоми ягонаи автоматикунонии идораи ҳаракати ҳавоӣ дар Тоҷикистон шинос шуд

Декабрь 27, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» тасмим гирифтааст, ки бо корхонаҳои пешқадами соҳа дар хориҷи мамлакат ҳамкории судмандро амалӣ намояд.

Тавре дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Пеленг»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Мария Янушевич дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  бо фаъолияти низоми ягонаи автоматикунонии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ «Мастер-АС», ки дар ин ширкат истеҳсол ва дар доираи ҳамкории КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва ҶСК «Пеленг» дастрас ва насб гардидааст, шинос гардид.

Ин низом ҳам дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва дар филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар  фаъолият менамояд.

Низом  аз манбаи маълумоти назоратӣ, иттилоотӣ ва хизматрасонию банақшагирӣ иборат аст. Он таъмини бехатарии парвозҳо ва идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, ҷамъоварии маълумот аз манбаъҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба мавқеи нақлиёти ҳавоӣ (ҳама навъи мавҷқабулкунакҳо, ADS-B ва MLAT), қабули автоматӣ ва коркарди дастии иттилооти нақшавӣ, қабул ва истифодаи иттилооти метеорологӣ ва ғайраро амалӣ  менамояд.

АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Декабрь 27, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид