Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 омили таъмин намудани амнияту субот дар Тоҷикистон мебошад

Декабрь 30, 2023 15:55

ДУШАНБЕ, 30.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.

Эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.

Сарвари давлат қабл аз он ки соли ояндаро Соли маърифати ҳуқуқӣ пешниҳод намоянд, оид ба авзои ҷаҳон ва вобаста ба он доир ба амнияти давлат ва суботи ҷомеа, дар пайи он дар бораи шароит ва имконоти Кувваҳои мусаллаҳи мамлакат иттилоъ доданд.

«Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии давлатамон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Пешвои миллат зарур донистанд, ки баҳри таъмини амнияти мудофиавии мамлакат тадбирҳои зерин амалӣ шаванд:

а) бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ;

б) омода намудани кадрҳои баландихтисос;

в) такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо;

г) боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон.

Тавре ки аз Паём бармеояд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда, ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Ҳадаф аз навсозии имконияти Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи Тоҷикистон мебошад.

Дар мавриди таъмини амният ва субот омили асосӣ риояи қонун мебошад. Ҳамин аст, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуданд, ки «роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд».

Тавре ки маълум аст, тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Конститутсияе, ки соли 2024 сиюмин солгарди қабули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамон Конститутсияе, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини тоҷикон дар асри нав мебошад. Ба ифодаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар  шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад. Зеро риояи қонун аз оила, аз маҳалла, аз ҳар яки мо вобаста мебошад. Агар садҳо биноҳои муосири баландошёна бунёд шаванд, тамоми роҳу шоҳроҳҳо мисли шиша ҳамвору чароғон шаванд, тамоми шароити маишӣ дар сатҳи баланд муҳайё  шавад, вале маърифати ҳуқуқӣ — риоя ва иҷрои қонун чӣ аз тарафи сокинони одӣ ва чӣ аз тарафи шахсони вазифадору масъулин таъмин нашавад, бунёди ҷомеаи мутамаддин ба зудӣ ва осонӣ ба мо муяссар намегардад.

 Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 30, 2023 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд