СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030». Дар Бонки миллӣ амалишавии онро баррасӣ намуданд

Декабрь 8, 2023 10:32

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои  Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия дар соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки ҳадафи асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Гуфта шуд, ки тибқи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 ва банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон «Барномаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030» ба тасвиб расид, ки ҳар сол нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳияву тасдиқ мегардад. Барнома ва нақшаи чорабиниҳо маҷмуи тадбирҳои зиддикоррупсионии Бонки миллии Тоҷикистонро дар бар гирифта, дар онҳо самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллӣ дар робита ба муқовимат ба коррупсия ва вазифаҳои воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллӣ оид ба иҷрои ҳар чорабинӣ, муҳлати иҷро ва мақсадҳои гузошта ба таври мушаххас муайян шудаанд.

Дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2023 ва ҷиҳати бурдани  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандон, баргузории семинару вохӯриҳо бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои мубориза бо он дар назар дошта шудааст.

Гуфта шуд, ки соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин санад имзо гузошт ва ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд. Инчунин бо мақсади муқовимат ба ин зуҳуроти хавфнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Ҳамчунин то ин давра се санади барномавӣ, аз ҷумла «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шуданд. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани ин санадҳо шаҳодати он аст, ки имрӯз масъалаи муқовимат ба коррупсия дар радифи дигар самтҳои афзалиятнок яке аз самтҳои муҳимму меҳварии сиёсати ҳуқуқии давлатӣ маҳсуб мешавад.

Дар ҷаласа кормандони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ доир ба мақсаду вазифа ва принсипҳои татбиқ, самтҳои асосӣ ва моҳияту аҳаммияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд дар низоми бонкӣ, таҳлили зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти муқовимат ба коррупсия дар соҳаҳои аз нигоҳи коррупсия осебпазир, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва амалӣ намудани ҳамкории судманд бо Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот пешниҳод намуданд.

Вохӯрии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам баргузор мегардад. Мақсад аз он тавсеаи ҳамкории мақоми масъул бо Бонки миллӣ, тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар байни кормандони низоми бонкӣ мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2023 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд