ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, ҷумъа, 335-умин рӯзи соли 2023 аст
1 декабри соли 2010 дар Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо суханронӣ намуданд.
***
1 декабри соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия сафар намуда, дар он ҷо бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Чехия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.
***
1 декабри соли 2021 дар Кунгураи мероси ҷаҳонии давлатҳои ИДМ пешниҳоди ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Абрешим баррасӣ шуд.
***
1 декабри соли 2022 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд.
1 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО (СПИД).
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи президенти аввалин.
***
Дар Руминия – Рӯзи муттаҳидии миллӣ.
***
Дар Исландия – Рӯзи истиқлол.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Қудратуллоҳ Яҳёев-соли 1946- оҳангсози тоҷик, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1972), дорандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷавонон (1987), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон (1996), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2004), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.(2022).