ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, шанбе, 343-юмин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 9, 2023 08:00

9 декабри соли 1992 байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

*** 

9 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» таҳти унвони «Мубориза бо коррупсия ва зиндагии ҳалолкорона-асоси таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид.

***

9 декабри соли 2010 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри  Мински Беларус маросими ифтитоҳи чаласаи дурӯзаи Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаи   комплекси агросаноатӣ баргузор гардид.

***

9 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

9 декабри соли 2014  АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 8 декабр варзишгари тоҷик Каюмарс Норов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр дар рақобатҳо дар вазни 52 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар Лимассол ба шумор меравад.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.

***

9 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Маркази ёрии ҳуқуқии  ҳамватанони рус дар Тоҷикистон баргузор гардид.

***

9 декабри соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардиданд.

***

9 декабри соли 2019 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Ширкат оид ба захираҳо Тибет-Эверест»- муассиси Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Хуан Тсзян Жун мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

*** 

9 декабри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз- 2030 ҷаноби Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, ки ба  Тоҷикистон  бо сафари корӣ ташриф оварда буд, мулоқот намуданд.

***

9 декабри соли 2022 дар Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим»  ҳамоиш  баргузор гардид.

9 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия.

***

Дар Танзания – Рӯзи истиқлол.

ДАР ИН  РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ибодулло Абдуллоев— соли 1918- дирижёри тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1968), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1974).

Декабрь 9, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи таърихи Чин робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ҳасани Чупонӣ: «Президенти Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ оварад»
Мавзеъҳои зебои Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии «Чин-Осиёи Марказӣ» муаррифӣ карда мешаванд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баррасӣ шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, шанбе, 151-умин рӯзи соли 2025 аст