ТАДБИРҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА. Аз тасвиби ин Фармони таърихии Президенти Тоҷикистон 24 сол сипарӣ гашт

Декабрь 1, 2023 13:43

ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандӯстро тарбия карда, ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту роҳнамоӣ созад. Дар урфият гуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар». Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои шодбошӣ бахшида ба Рўзи Модар баён доштанд. Фармони таърихии Сарвари давлат аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки аз тавсиби он 24 сол пур мешавад, далели ин гуфтаҳо мебошад. Чунин нигоштааст Директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода дар мақолааш, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар идома номбурда чунин ибрози назар намудааст:

— Таҳлили масъала моро водор менамояд, ки ба ду ҷанбаи таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ таваҷҷуҳ намоем.

Якум, хусусияти аз ҳама муҳимми сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва тадбирҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа дар он ифода мегардад, ки сарчашма ва манбаи ин сиёсатро ташаббусҳои махсус ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала ташкил дода, устувории онро замина гузоштааст. Аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 Нақшаи миллии амалро оид ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон барои солҳои 1998-2005 қабул намуд.

Ба имзо расидани Фармони таърихии Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 яке аз қадамҳои муҳимтарин ва устувор дар самти ташаккули сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҷомеа аз мавқеи Сарвари давлат дар робита ба нақши бонувон дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи ин сиёсат паём дод.

Пӯшида нест, ки масоили таъмини баробарии гендерӣ хеле ҳассос буда, бархурд ва ҳалли онҳо бинобар мавҷудияти қолабҳои гендерии асрҳо шаклгирифта дар дилхоҳ ҷомеаи шарқӣ муносибати махсус ва муҳлати тӯлониро тақозо менамояд, вале маҳз мавқеи устувори Роҳбари давлат дар сиёсати таъмини баробарии гендерӣ ва боло бурдани нақши зан дар ҷомеа боис гардид, ки он дар таҷрибаи Тоҷикистон марҳила ба марҳила ва муваффақона амалӣ гардад ва аз тарафи ҷомеа мусбат пазируфта шавад.

Дуюм, хусусияти ин сиёсат дар он аст, ки тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, ки ба фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини баробарии гендерӣ, таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои барномавӣ дар сатҳи давлатӣ, инчунин ташкили чорабиниҳо барои парвариш ва ташаккул додани андешаи ҷомеа дар робита ба боло донистану боло бурдани мақоми зан нигаронида шудаанд, дар пайвастагӣ ва алоқамандӣ ба ҳамдигар роҳандозӣ гардида, самаранокии ин сиёсатро таъмин намуданд. Хусусан ба роҳ мондани фаъолияти ба ҳам алоқаманд барои таъмини баробарии гендерӣ дар чор шохаи зерин:

-эътирофи санадҳои байналмилалӣ;

-таҳия ва такмили қонунгузории миллӣ;

-ҷалби занону духтарон ба таҳсил;

-такмили низоми мудирияти масоили баробарии гендерӣ;

-таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои барномавӣ,

ки мунтазам дар партави ироа ва таъкид гардидани мавқеи устувори Сарвари давлат вобаста ба мақому манзалати зан дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои бонувон дар тамоми суханрониҳо, Паёмҳояшон дар ин солҳо сурат гирифт, натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овард.

Ҳамин хусусиятҳои ин сиёсати устувор ва самарабахш буд, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист дар роҳи фароҳам овардани шароити мусоид дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва боло бурдани мавқеи бонувон муваффақ шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои узви ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ(соли 1998), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ(соли 1998)-ро эътироф намуд. Аз соли 1999 Протоколи иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои Тоҷикистон эътибор пайдо кард.

Дар баробари ин Тоҷикистон аз соли 1993 иштирокчии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон мебошад ва Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз ҷониби Тоҷикистон соли 2000 ба имзо расонида шудааст.

Мувофиқи Моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ҳуқуқу озодиҳои баробари мардону занонро кафолат медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1 марти соли 2005, №89) муносибатҳоро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим медарорад, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ мекунад ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд. Бар асоси Моддаи 3 (1) Қонуни мазкур кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар асоси принсипҳои қонуният, баробарҳуқуқии мардону занон, нораво будани табъиз аз рӯйи ҷинс, ошкорбаёнӣ ва шаффофият амалӣ карда мешавад.

Моддаи 4 ин санад вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатиро дар таъмини имкониятҳои баробари мардону занон (баробарии гендерӣ) муқаррар кардааст, ки мусоидат намудан барои амалигардонии имконияти баробари мардону занон, аз он ҷумла ба воситаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эҳё ва эҷод кардани расму ойин ва гузаронидани чорабиниҳои дигари мушаххас, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба баробарҳуқуқии комил халалрасонанда аз ҷумлаи онҳост.

Қонунгузории ҷумҳурии мо иштироки баробари шаҳрвандонро дар идораи давлатӣ ва хидмати давлатӣ кафолат медиҳад. Бар асоси Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дошта, ин меъёри Конститутсия ба талаботи моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мувофиқат мекунад, ки дар он гуфта мешавад: «Ба ҳар як шаҳрванд дар давлати худ бояд бе ҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос тибқи шарту шароити барои ҳама баробар ҳуқуқу имконияти иштирок кардан дар хизмати давлатӣ дода шавад».

Бар асоси Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат баробарии мардону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.

Қонуни мазкур, инчунин, кафолатҳои давлатии таъмини имкониятҳои баробари мардону занонро дар соҳаи маориф ва илм (Моддаи 6), баҳисобгирии вазъияти оилавии мардону занон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ (Моддаи 7), таъмини имкониятҳои баробари иштироки мардону занон дар интихобот(Моддаи 8), таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмат (Моддаи 10), таъмини иштироки баробари мардону занон дар озмунҳо барои ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ (Моддаи 11) муқаррар намудааст.

Моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (аз 5 марти солди 2007, №233) қабул шудан ба хизмати давлатиро танзим намуда, тибқи қисми 6 моддаи 13 Қонуни мазкур муқаррар намудани ҳама гуна табъиз, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, мансабӣ ва молумулкӣ манъ аст.

Соли 2022 дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон санади нав- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (аз 22 июли соли 2005, №286) ба тасвиб расид, ки заминаҳои ҳуқуқии таъмини баробарии гендерӣ дар кишварро боз ҳам устувор гардонид.

Мувофиқи Моддаи 13 Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Ҳамзамон мувофиқи қисми 2 Моддаи 13 Қонуни мазкур лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи зиддитабъизӣ гузаронида мешаванд.

Қонуни мазкур ҳамчунин ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳотро оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз (Моддаи 16), ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз (Моддаҳои 17,18), ҳуқуқ ба ҳимоя аз табъизро бо тартиби судӣ(Моддаҳои 19,20,21) муқаррар намудааст.

Моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон ҳуқуқи баробари ташкили оила, оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳро кафолат медиҳад, ки ин меъёр барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар доираи дарки суннатии мавқеи онҳо дар ҷомеа нақши муҳим мебозад.

Мувофиқи Моддаи 34 Конститутсия модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Дар мамлакати мо пешгирии табъиз нисбати занон дар хонавода муҳим дониста мешавад. Муқаррароти Кодекси оила, ки тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқи оилавии занон ва мардонро дар бар мегирад, ба принсипи баробарии марду зан дар муносибатҳои оилавӣ асос ёфтааст. Оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

Зан дар оила ҳуқуқҳои баробар дорад. Ҳуқуқҳои зан (зан ва модар) ба кӯдакон, моликият, ақди никоҳ ва талоқ, мерос ба ҳуқуқҳои мардон баробаранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (аз 19 марти соли 2013, №954) муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Қонуни мазкур салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мақомоти давлатии кор бо занон ва оила, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти корҳои дохилӣ дар оила мақомоти соҳаи маориф, мақомоти соҳаи тандурустӣ,ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила муайян менамояд.

Ҳамзамон Қонуни мазкур фаъолияти марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагонро дар ин самт танзим мекунад.

Ҳамчунин моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробари шаҳрвандонро ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, манзил, истироҳат, ҳифзи таъминоти иҷтимоӣ кафолат медиҳад. Конститутсия ва қонунҳои кишвар ба занон на танҳо ҳуқуқҳои якхела медиҳанд, балки ҳуқуқҳои афзалиятнок ба меҳнат, музди меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсилот ва ғайраро низ кафолат додаанд.

Яке аз принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ буда, танзими меҳнати занон дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфтааст.

Дар асоси Кодекси меҳнат ба занон барои ба кор қабул гардидан, давраи ба дунё омадани фарзанд, нигоҳубини кўдак ва ба рухсатии меҳнатӣ баромадан як қатор имтиёзҳо дода шудаанд. Чунончи кафолатҳои муҳимми ҳуқуқӣ аз қабили манъи ба кор қабул накардан, аз кор озод намудани занони ҳомила, таъмини ҳатмии кори осон барои занони ҳомила ва модарони кӯдакони хурдсол, манъи истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок, таъмини давомнокии кӯтоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат, маҳдудиятҳо барои кори шабона ва изофакории модарони кӯдакони хурдсол, соатҳои кории иловагӣ ва рӯзи нопурраи корӣ, вақти истироҳат барои нигоҳубини кӯдак, вақти мувофиқи гирифтани рухсатӣ, рухсатии иловагии пулакӣ ва бемузд барои кӯдакони бемор, ба занони коргар барои ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини кӯдакони хурдсол имкон фароҳам меоранд.

Ҳамчунин Моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» барои мусоидат дар баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ меъёрҳоро мушаххас намудааст.

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарот барои ҳифзи бевоситаи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои занон равона карда шудаанд. Дар Кодекси мазкур барои амалҳое, ки ҳамчун табъиз ва поймолкунии ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои занон эътироф карда мешаванд,аз ҷумла таҷовуз ба номус (моддаи 138), амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 139), маҷбурӣ ба амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 140), алоқаи ҷинсӣ ва дигар амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсони аз синни 16-сола (моддаи 141), ҳаракатҳои бадахлоқона (моддаи 142), вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон (моддаи 143), беасос ба кор қабул накардан ё беасос аз кор озод кардани зане, ки кӯдаки то сесола дорад (моддаи 155), худкушӣ (моддаи 109), савдои кӯдакон (моддаи 167), одамрабоӣ (моддаи 130) ҷазо пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамчунин Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба фоҳишагӣ ҷалб намудан (моддаи 238) ва ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона, далагӣ ва занҷаллобӣ (моддаи 239) ва хариду фурӯши ноболиғон (моддаи 167) ҷазо ва мутобиқан Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ мекунад (моддаи 130).

Иқдомҳои дигари муҳими ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои бонувон нигаронидашуда дар ин давра такмили низоми мудирияти масъалаҳои баробарии гендерӣ мебошад, ки ба сифати таҳия ва татбиқи сиёсати гендерӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми ниҳодҳо дар таъмини баробарии гендерӣ таъсири бевосита дорад. Тоҷикистон ташкили ниҳодҳои махсусро дар самти пешбурди сиёсати гендерӣ дар ҳайати мақомоти қонунгузор ва иҷроия муҳим дониста, дар таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оила (қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 1991, № 37), ки вазифаҳоро барои татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоии иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ ба анҷом мерасонад, дар миқёси давлатҳои ИДМ пешсаф буд.

Бо назардошти талаботи иҷтимоӣ ба фаъолияти васею густурдаи ин ниҳод, бо дастгирии Президенти мамлакат қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, соли 2014 бо мақсади таҳкими потенсиали кадрии ин мақом сохтори он такмил дода шуд.
Дар баробари ин, фаъолияти Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон дар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барои таҳкими нақши ниҳоди қонунгузори ҷумҳурӣ дар пешбурди фаъолияти ҳуқуқӣ вобаста ба такмили сиёсати гендерӣ мусоидат намуд.

Дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 (то ин вақт шуъбаи тандурустӣ, оид ба занон ва оила фаъолият менамуд) Раёсати рушди иҷтимоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба таҳлил ва мониторинги татбиқи сиёсат ва стратегияҳои дахлдор дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои оила ва сиёсати гендерӣ равона карда шудааст. Ҳамзамон масъалаҳои дахлдори таъмини баробарии гендерӣ дар сатҳи Бахшҳои Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, таҳлил, баррасӣ ва ҳамоҳангсозӣ мегардад.

Дар баробари ин, таъсиси мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2019) барои боз ҳам густурда гардидани фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон замина фароҳам овард.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва мудириятро барои таъмини баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва таҳкими нақши онҳо дар ҷомеа, пешгирии табъиз, ҳифзи иҷтимоии бонувон, рушди оила ҳамчун ниҳоди муҳим таъсис ва такмил дод, ки он пойдевори тағйирпазирии нақши зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва тақвияти мақоми ӯ дониста мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2023 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд