Тоҷикистон Нақшаи маблағгузории Cаҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи иқлимиро дар Павилиони миллӣ дар Дубай муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим COP 28 нақшаи муфассали маблағгузории иқлим дар чорабинии канории сатҳи баланд муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи ин чорабинӣ нишон додани стратегияи Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои Саҳми миллии муайяншуда (СММ) ва саҳмгузорӣ ба ҳадафҳои глобалии Созишномаи Париж буд.
Намояндагони сатҳи баланди созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Агентии ИёлотиМуттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Шарикии СММ (NDC Partnership) ва дигарон ба ин чорабинӣ ҳамроҳ шуданд, то бардоштҳо ва дарсҳои омӯхтаи маблағгузории иқлимро мубодила намоянд.
Муҳокимаҳо ба масъалаи муҳими маблағгузории иқлим барои татбиқи СММ дар Тоҷикистон мавриди назар қарор гирифт.


Ҳадафҳои ин чорабинӣ муаррифии Нақшаи маблағгузории иқлими миллии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ бо шарикон ва мусоидат ба табодули дониш дар соҳаи сармоягузории иқлимро дар бар мегирад.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода сухан намуд.
Дар ҳамоиш аҳамияти ҳамкорӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқлим таъкид шуд.
Гуфта шуд, ки уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тағйири иқлим ва истифодаи дастгирии байналмилалӣ барои рушди устувор нишон дода шудааст.
Тавассути ин чорабинӣ Тоҷикистон ва шариконаш роҳро барои ҳалли самараноки маблағгузории иқлимӣ боз намуда, пешрафтро ба сӯи ояндаи устувор суръат бахшиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумат и Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






