35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин варзишгоҳ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад
Ш. ШОҲИН, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони варзишгоҳ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Дар ин хусус мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Қурбон Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Варзишгоҳ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ сохта шуда, масоҳати умумии заминаш 5 гектарро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Қурбон Нуралиев изҳор дошт, ки дар баробари сохтмони варзишгоҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои нави Маркази ҷавонон, Маҷмааи модар ва кӯдак барои 60 кат, муҷассамаи нависанда Шамсиддини Шоҳин дар маркази ноҳия, инчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Тудани ҷамоати Шурообод барои 720 хонанда сохта мешаванд. Дар назар аст, ки ин иншоот соли 2024 ба истифода дода шаванд.
Ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди 216 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2023 дар ноҳия 67 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки яке аз он корхонаи коркарди хишти пухта мебошад. Дар ин корхона 50 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Паралимпичиёни Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» 35 медал ба даст оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






