35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистон бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ сохтмони кӯдакистони замонавӣ оғоз гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, иншоот аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 8 гурӯҳ ва 240 нафар пешбинӣ шудааст.
Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандис» мебошанд.
Лоиҳаи бино бо назардошти талабот омода гардида, мувофиқи он ҳар гурӯҳ дорои утоқҳои алоҳидаи хобу истироҳат, машғулиятгузаронӣ, хӯрокхӯрӣ, дастшӯӣ ва либосивазкунӣ мебошад. Баробари ин, утоқҳои алоҳидаи таълимиву корӣ низ ҷой дода шуда, дар таҳхонаи он ду ҳавзи шиноварӣ ва дар саҳни он бунёди 8 айвон ба нақша гирифта шудааст.
Барои сохтмони иншоот беш аз 20 сохтмончӣ ба кор ҷалб шудааст.
Ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ 12 кӯдакистон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1400 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






