«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсоз эътироф гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилоти қарзии низомсоз ва ташкилоти қарзии эҳтимолиро тасдиқ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо меъёри ҷамъбасти 22,87 дар зинаи аввал қарор дорад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Ориёнбонк» бо меъёри ҷамъбасти 18,63 ва ҶСК «Бонки Эсхата» бо меъёри ҷамъбасти 14,76 дар зинаҳои дуюм ва сеюми рӯйхати ташкилоти қарзии низомсоз қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» бо меъёри ҷамъбасти 6,01 тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯйхати ташкилоти қарзии эҳтимолӣ мавқеъ гирифтааст.
Бояд тазаккур дод, ки ин рӯйхат соле як маротиба бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи «Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ» нашр мегардад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






