Ҳангоми суқути ҳавопаймо дар Афғонистон чор нафар зинда монданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти пешакӣ, чор мусофири ҳавопаймои Falcon 10, ки аз радарҳо дар Афғонистон нопадид шуда буд, зиндаанд ва иттилоъ дар бораи ду нафари дигар мушаххас мешавад. Дар ин хусус дар хабари Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия гуфта мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС.
«Тибқи маълумоти Сафорати Русия дар Афғонистон, хадамоти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии маҳаллӣ ҳавопаймои Falcon 10-ро пайдо намуд, ки аз шаш нафари дар дохили ҳавопаймо қарордошта чор нафар зиндаанд (онҳо ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд). Сарнавишти ду нафар мушаххас мешавад», — иттилоъ доданд дар Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия.
«Гурӯҳи ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ҳавопаймои Falcon 10-ро, ки шаби 20 январ аз радарҳо нопадид шуда буд, пайдо намуда, чор нафар, аз ҷумла халабони ҳавопаймо, зиндаанд», — омадааст дар хабар.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: AP Photo/ Darko Vojinovic, бойгонӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






