Ба фаъолияти Котиботи созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 сол пеш, 15 январи соли 2004 дар Пекин маросими ифтитоҳи Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд. Дар ин хусус рӯзи душанбе хадамоти матбуоти СҲШ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Котиботи СҲШ рисолати муҳим ва масъулиятноки ба зиммааш гузоштаро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иттилоотию таҳлилии фаъолияти Созмон, гузаронидани ташхиси пешакии ҳуқуқӣ ва молиявии шартнома ва санадҳои меъёрии ин созмон бомуваффақият иҷро менамояд.
Котибот инчунин нигаҳдорандаи ҳуҷҷатҳои дар доираи СҲШ қабулшуда буда, таъмини ташкилию техникии маҷлисҳо ва машваратҳои мақомоти СҲШ-ро амалӣ менамояд, ҳамкории СҲШ-ро бо давлатҳои нозир ва шарикони муколама, ташкилоти байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад», — гуфта мешавад дар хабар.
Котиботро котиби генералӣ роҳбарӣ менамояд, ки онро шурои сарони давлатҳо бо тавсияи шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ менамояд.
Илова бар ин, институти намояндагони доимии давлатҳои аъзо дар назди Котиботи СҲШ амал менамояд.
Котибот аз 36 шахси мансабдор иборат буда, аз ҷониби давлатҳои аъзо тавассути квотаҳои кишварҳо фиристода мешавад. Сохтори котиботро шаш шуъба ташкил медиҳад, ки ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маъмурию ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ машғул мебошанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Котиботи СҲШ