Ба кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мошин ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардид

Январь 17, 2024 10:56

ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба якчанд мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказу муассисаҳои тобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 мошини замонавӣ  ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди мамлакат иттилоъ медиҳад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар вазъияти тантанавӣ калидҳои мошинҳоро ба масъулин тақдим намуда, таъкид дошт, ки бар ивази чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро ба беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ равона намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хосса  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист сол то сол иқтидори кадрию шароити кории кормандон дар биноҳои хуштарҳу замонавӣ беҳтар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 декабри соли 2023 масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро мавриди  баррасии амиқ қарор дода, дар робита ба ин ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 17, 2024 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад