Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Январь 12, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ доир ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.

Ҳадафи имзои Ёддошти тафоҳум дар ҳамбастагӣ бо ҳамтоёни Словакия насб намудани тарозуҳои вазнченкунӣ дар роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ин санад зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Боретско, Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак ва роҳбари ширкати Словакия барои рушди тиҷорат дар Осиёи Миёна Ростеслав Бабитс ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот имконияти ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд. Виктор Боретско иброз намуд, ки ҷониби Словакия хостори рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва интиқоли молу маҳсулот бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омода аст дар доираи манфиатҳои тарафайн дар ин самт ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшад.

Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак гуфт, ки бонк омода аст барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон, хусусан дар самтҳои насби тарозуҳои ченкунии мошинҳои гаронвазн ва маҷмуи масъалаҳои рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт бо шарту шароити мутақобиланд судманд сармоягузорӣ намояд.

Ҳамзамон Роҳбари ширкати «Бетамонт»-и Словакия гуфт, ки ин ширкат солҳои охир дар татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт таҷрибаи пешрафта ва дастовардҳои назаррас дошта, метавонад бо шарикон аз Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

Азим Иброҳим ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати рушди муносибатҳо байни ду давлат дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иброз дошта, гуфт, ки насби тарозуҳо дар танзими меъёр ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҷиҳати аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доштани инфрасохтори бунёдгардида мусоидат менамояд.

Ба гуфтаи ӯ, ин раванд дар маҷмуъ ба дароз гардидани умри инфрасохтори бунёдгардида ва коҳиш ёфтани ҷалби маблағҳо барои нигоҳубини ҷории иншооти роҳдорӣ замина мегузорад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Январь 12, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад