Бар асари таркиш дар Кобул ду нафар ҳалок шуд

Январь 12, 2024 09:47

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар ғарби пойтахти Афғонистон 2 нафар ҳалок ва 12 тани дигар захмӣ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии TOLO news бо истинод ба намояндаи идораи полиси Кобул Халид Задран хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, норинҷаки дастӣ дар минтақаи маркази савдо таркидааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷустуҷӯи гунаҳкорони ҳодиса машғул мебошанд.

Қаблан агентии хабаргузории Aamaj News бо истинод ба манбаъҳо иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 6 нафар ҳалок ва 19 тани дигар захмӣ шуд.

Рӯзи панҷшанбе дар Афғонистон се таркиш рух дод. Дуто дар Кобул ва яктои дигар дар шимоли кишвар- дар шаҳри Мазори Шариф сабт шуд.

10 январ рӯзномаи Hasht-e Subh бо истинод ба манбаъҳо иттилоъ дод, ки тақрибан 8 нафар дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Ҳирот дар шимолу ғарби Афғонистон осеб бардошт.

Илова бар ин, 6 январ боз як таркиш дар автобус, воқеъ дар ноҳияи Дашти Барчии Кобул рух дод. Тибқи иттилои шабакаи телевизионии TOLO news, дар натиҷаи ин ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, 15 тани дигар захмӣ шуд. Дар дохили нақлиёт дастгоҳи тарканда гузошта шуда буд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 12, 2024 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид