Чӣ тавр автомобилҳои чинӣ дар Тоҷикистон бомуваффақият фурӯхта мешаванд?

Январь 22, 2024 13:47

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Алоқаи 24/7 бо идораи марказӣ  ва шарикон, рекламаи оқилона ва идоракунии  логистика, шиносоии онлайни кормандон бо намудҳои  нави автомобилҳо  — чунин имкониятҳоро тиҷорати  автомобилӣ ба шарофати интихоби дурусти оператор ба даст овард. Ли Шивэй — директори ҶДММ «Ширкати байналмилалӣ оид ба фурӯши автомобилҳои «Geely»   дар хусуси он, ки чӣ гуна рақамисозӣ ба тиҷорат дар Тоҷикистон кӯмак мекунад, маълумот медиҳад.   

Чӣ тавр шумо оператори алоқаро ҷустуҷӯ намудед, он ба кадом талабот бояд мувофиқ  бошад?  

— Меъёрҳо чандто буданд, аз ҷумла доираи васеи хизматрасониҳо, сифати онҳо, хизматрасонии хуб. Идораи марказии мо дар Чин ҷойгир аст, шарикон ва сармоягузорони мо аслан дар тамоми ҷаҳон, аз Корея то Аврупои Ғарбӣ, паҳн шудаанд. Аз ин рӯ, ҳам мавҷудияти роуминг ва ҳам имкони занг задан ба кишварҳои дигар дар дилхоҳ  вақт муҳим буд. Дар натиҷа мо ширкати «МегаФон Тоҷикистон»-ро интихоб намудем. Ҳамкории мо соли 2023 шурӯъ шуда,  аллакай маълум аст, ки ин тасмими  дурусти мост.

Аз нигоҳи  шумо, сифати хизматрасонии оператор дар  чӣ ифода меёбад?        

— Дар  он ифода  меёбад, ки тибқи зарурат, мо метавонем ҳатто шабона ё дар рўзи истироҳат бо ҳар гуна дархост муроҷиат  намоем    ва кормандони МегаФон онро зуд қонеъ мегардонанд. Барои ман шахсан ин хеле муҳим аст. Ҳамин тавр, рӯзе ба мо лозим омад, ки ҳаҷми трафики интернети ба мо пешниҳодшаванда  зиёд шавад, ки масъала дар давоми якчанд дақиқа роҳи ҳалли худро пайдо сохт.

Дар Тоҷикистон мошин мефурӯшед. Чаро шумо роуминги байналмилалиро истифода мебаред?    

— Барои ҳалли мушкилоти гуногун. Масалан, мо бояд ҳаракати нақлиётро ҳангоми таҳвил аз як корхонаи Чин пайгирӣ кунем. Бо ёрии алоқа ва интернети ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мо ҳаракати корвони мошинҳоро дар реҷаи вақти воқеӣ назорат мебарем. Он, аз ҷумла, интиқоли автоматии маълумот ва технологияҳои M2M-ро дар бар мегирад. Логистика бештар  қулай ва идорашаванда гардид. Ба шарофати он муштариён ҳамеша рӯз ва вақти аниқи дастраскунии мошинҳои худро медонанд. Ин ба онҳо писанд аст.

Шумо танҳо аз интернети мобилӣ истифода мебаред?

— Не, интернети собитро ҳам ба кор мебарем. Он  барои пурра кор намудани идора зарур аст. Бисёр провайдерон ба мо хизмарасониҳояшонро пешниҳод намуданд, аммо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» сифати баландтар дорад. Ҳоло мо конфронсҳоро бо шарикон, бо филиалҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ,  ба таври онлайн мегузаронем.

Интернет, инчунин, барои омӯзонидани фосилавии ҳайати кормандон кӯмак менамояд. Вақте, ки намуди нави «Geely»  мебарояд, мо курсҳои онлайн ташкил мекунем. Мутахассисон дар Чин маҳсулоти навро муаррифӣ менамоянд ва кормандони намоишгоҳ дар Тоҷикистон дар бораи намуди зоҳирии он, истифодабарии технологияҳо ҳангоми  сохтани он ва оид ба  ҷиҳатҳои муҳиме, ки бояд ба харидорон гуфта шаванд, тасаввурот пайдо мекунанд. Масалан, ба қатори маҳсулоти мо автомобилҳои  барқӣ  дохил мешаванд. Ин як фазои нисбатан нав барои бозори мошин дар Тоҷикистон аст ва фурӯшандагон бояд аввал худашон намудҳои автомобилҳоро ҳамаҷониба омӯзанд. Бидуни  суръати баланди интернет ва шабакаи боэътимод ташкил намудани конфронсҳои онлайн бо кишварҳои дигар ғайриимкон мешуд. Ин ҳам бори дигар шаҳодати он аст, ки  мо операторро дуруст интихоб намудаем.

Илова менамоям, ки МегаФон Тоҷикистон хизматрасониҳои  таблиғотиро низ пешниҳод менамояд, ки барои тиҷорати мо муфиданд. Масалан, мо барои ҷалби муштариёни бештар аз SMS-ирсолҳои таргетшуда истифода мебарем. Ин як воситаи хуби муошират аст. Ман боварӣ дорам, ки бо мурури замон мо бо операторе, ки барои бозори тиҷоратӣ ин қадар хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд, пайваста  ҳамкории худро  васеъ  менамоем.

Январь 22, 2024 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад