Дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон масъалаи методологияи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Гурӯҳи техникии Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ баргузор шуд, ки зимни он масъалаи методологияи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ баррасӣ гардид.
Тарве ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ меҳмонон бо фаъолият дар самти тағйирёбии иқлим, обуҳавосанҷӣ, яхшиносӣ ва мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ шинос шуда, тасмим гирифтанд, ки дар оянда ҳамкориро бо Агентӣ тақвият диҳанд.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои методологияи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ, тағйирёбии иқлим, самтҳои асосии фаъолият ва муайянкунии чаҳорчӯби дастурии миллӣ доир ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






