Дар Боку равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид

Январь 19, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғафарова мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо дар мавриди вазъи феълӣ ва рушди баъдии равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф тавассути абзорҳои байнипарлумонӣ табодули афкор намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои танзими сафарҳои мутақобил ва тақвияти тамосҳои корӣ байни кумитаҳо, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои парлумонҳои ду мамлакат муҳокима шуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 19, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд