Дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бомаром идома доранд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Шибанайи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ идома дошта, аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кашонидани 340 тахтасанг аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва 5 тонна сӯзишворӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ 670,0 ҳазор сомонӣ ҷудо ва сарф шудааст.
Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода баҳри боз ҳам таҳким бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи масолеҳи сохтмонии босифат, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ ва сари вақт дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд






