Дар деҳаи Ёрии Панҷакент Маркази саломатӣ ва Маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент баъди таъмиру таҷдид бинои Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Бино бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми шарикони рушд барои пазироӣ ва табобати аҳолӣ дорои ҳамаи шароити зарурӣ ва ҳуҷраҳои бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз буда, 17 корманди тиббӣ он ҷо фаъолият мебаранд.
Ҳамчунин дар деҳа нахустин табобатгоҳи дандонпизишкии хусусии «Табассум», ки аз ҷониби соҳибкор ва дандонпизишк Баҳодур Норов бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, ба кор шуруъ намуд.
Дар он ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ барои табобат ва гузоштани дандонҳои ориятӣ насб шуда, ба мизоҷон 4 корманди тиб хизмат мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд






