Дар Душанбе масъалаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар соҳаи сохтмон баррасӣ шуд

Январь 18, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 18.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳайати  техникии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳо доир ба иқлим, энергияи «сабз», сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар соҳаи сохтмонро баррасӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи асосҳои иқтисоди «сабз», амалӣ намудани технологияи муосири инноватсионӣ дар самти иқтисоди «сабз», ба инобат гирифтани таъсири тағйирёбии иқлим дар раванди тарҳрезии лоиҳаҳо ва бунёди иншооти сохтмонӣ, кам намудани партовҳои газҳои гулхонаӣ, омода намудани мутахассисон ва омӯзиши асосҳои сарфаҷӯйии энергия мавриди  муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди соҳа изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Январь 18, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд