Дар Душанбе нахустин савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори муташаккил тавассути низоми электронии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Дар маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шенни Кемпбелл сухан намуданд.
Дар ҳамоиш инчунин роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва намояндагони ташкилоти байналмилалии молиявии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки бори нахуст коғазҳои қиматноки давлатӣ бо шартҳои ҷолиб бароварда мешаванд ва ин ба иштирокчиёни бозор имкон медиҳад, ки шарти сармоягузории мувофиқро интихоб намоянд. Пардохтпазирии коғазҳои қиматноки давлатӣ ҳамчун фишанги молиявӣ аз як тараф пасандозҳои аҳолиро аз таваррум муҳофизат намояд, аз тарафи дигар ҷиҳати ба сармоягузорӣ табдил додани пасандозҳо, инчунин равона намудани онҳо ба рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба ду бонки давлатии ҷумҳурӣ – Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» иҷозатномаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок дода шуд. Доштани чунин иҷозатнома ба бонкҳо имкон медиҳад, ки дар бозори коғазҳои қиматнок амалиёти брокерӣ ва дилерӣ анҷом диҳанд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






