Дар иёлати Айоваи ИМА бар асари тирпаронӣ дар мактаб якчанд нафар зарар дидаанд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тирпароние, ки рӯзи панҷшанбе дар мактаби миёнаи шаҳри Перрии иёлати Айоваи ИМА ба амал омад, якчанд нафар зарар дидаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд.
Тибқи гуфтаи полиси округи Даллас Адам Инфанте, дар айни замон барои аҳолӣ хатар вуҷуд надорад.
Бино ба хабарҳои қаблӣ, дар тирпаронӣ як нафар ҳалок ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.
Рӯзи панҷшанбе рӯзи аввали таҳсил барои хонандагони ин муассиса пас аз таътили зимистона буд ва тирпаронӣ қабл аз оғози дарс ба амал омадааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ. Дар пайи ин ҳодиса чанд ноҳияи ба ин мактаб наздик тадбирҳои эҳтиётӣ андешидаанд.
Перри — як шаҳраки дорои тақрибан 8 000 нафар аҳолӣ дар ҳавзаи Даллас мебошад, ки тақрибан дар километри 40 (ҳудуди километри 64)-уми шимолу ғарби Дес Мойн- пойтахти иёлати Айова ҷойгир аст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






