Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои созандагиву бунёдӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкорон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд осоишгоҳи «Аксикон» бунёд мегардад, ки тибқи лоиҳа, корҳои сохтмонии он соли 2025 ба анҷом мерасанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар назар аст, ки осоишгоҳ бо тамоми шароити замони муосир барои истироҳату табобати шаҳрвандон таъмин шавад. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд барои татбиқи лоиҳа, воридсозии таҷҳизоти зарурӣ ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ омода намудани осоишгоҳ ба масъулин супоришҳо дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо мунтазам тадбир меандешад.
Дар ноҳия 61 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла, 1 Беморхонаи марказии ноҳия бо 310 кати табобатӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ бо 180 кати табобатӣ, 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 маркази саломатии деҳот, 2 шифохонаи хусусӣ, 35 бунгоҳи саломатӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар деҳаи Дулонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод сохтмони бинои нави Бунгоҳи саломатӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ва сохтмони Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Ашт идома дорад. Ҳамзамон якчанд таҷҳизоти замонавии тиббӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тиббӣ дастрас гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад






