Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир диққати махсус дода шуд

Январь 14, 2024 10:51

ДУШАНБЕ, 14.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  ба соҳаи илму маориф бештар аз пештар таваҷҷуҳ зоҳир шуда, масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир дар маркази диққати махсус қарор дода шуд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд меорад. Чунин ибрози назар намудааст декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф.

-Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки низоми илму маориф яке аз асоситарин рукнҳои иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа мебошад.

Чунки низоми омӯзиш ба тамоми табақаҳову қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ иртибот дорад. Меъёрҳо ва арзишҳои фарҳангӣ, шаклу тарзҳои тафаккури қобилияти онҳо аз насл ба насл тавассути таълиму тарбия интиқол дода мешавад.

Давлату Ҳукумати мамлакат маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолият қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерую тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими мамлакат равона намуда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдоми заруриро рӯйи кор меоварад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии мамлакатро бисёр муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки «дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар намудани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».

Бояд таъкид намуд, ки омӯзгори имрӯза бояд барои баланд бардоштани раванди таълим ва самаранок гузаронидани машғулият бояд аз технологияи таълимӣ босамар истифода барад. Олимони соҳаи педагогика дар он назар ҳастанд, ки «моҳияти технологияи ба шахсият нигаронида» шинохти хонанда-симои (субъекти) асосии раванди таълим мебошад». Дар технологияи ба ташаккули шахсият нигаронида хонанда ба усулҳои таълимии омӯзгор худро мутобиқ менамояд, балки омӯзгор тибқи шароити мавҷуда усул ва воситаҳои гуногуни таълимиро ба усулу шеваҳои омӯзиши хонанда мутобиқ мегардонад.

Чуноне ки таҷрибаҳои педагогӣ нишон медиҳанд, сатҳи омӯзиш ва рафтори хонандагон гуногун буда, қобилияти онҳо низ мухталиф аст.

Аз ин лиҳоз, омӯзгор дар марҳилаи банақшагирии раванди таълим бояд таҷрибаи субъективонаи хонандагонро донад, ба онҳо мувофиқи хусусияту характеру қобилияти шахсиашон усул, восита, маводи таълимӣ ва шаклҳои кори мувофиқро интихоб намояд.

Тавре таъкид намудем, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи илмҳои дақиқ таваҷҷуҳ зоҳир шуд, ки ин, пеш аз ҳама, ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» равона шудааст. Баргузории озмунҳо иқдоми наҷибе аст, ки бевосита ба рушди илмҳои дақиқ дар мамлакат ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона мусоидат менамояд.

Дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст: «…ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».

Ин ва дигар таъкиду супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати дониш дар ҳама зинаи таҳсил, инкишоф додани соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, пешгирӣ намудани терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа метавонанд ба ҳайси масоили мубрами замони муосир мавриди арзёбӣ қарор гиранд ва ҳамчун барномаи мукаммал ба танзими рушди соҳаҳои ҷомеа мусоидат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд