Дар шаҳри Бохтар хатсайри нави автобусҳо ба фаъолият оғоз намуд

Январь 31, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» хатсайри нави автобусҳо ташкил шуд, ки он аз бозори «Фаровон»- маҳаллаи Кайҳоннавардон то гардиши маҳаллаи «Хатлон»-ро дар бар мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар.

Дар айни замон дар ин хатсайр ду автобус мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида фаъолият дорад. Аз хизматрасонии ин хатсайр меҳмонон ва сокинони маҳаллаҳои Кайҳоннавардон, Ҳоҷӣ Шариф, Ҷалолиддини Балхӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Борбад, Навобод ва қисман Хатлон истифода мебаранд.

Корхонаи «Бохтарнақлиётхизматрасон» тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик хатсайрҳои дохилишаҳрии бозори «Фаровон»-гардиши маҳаллаҳои Маданият, бозори «Фаровон» – маҳаллаи «Хатлон» ва хатсайри берун аз шаҳрии Бохтар-Левакант низ ташкил намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Январь 31, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд