Дар шаҳри Ҳисор бо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаҳои рушди футбол баррасӣ гардиданд
ҲИСОР, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо намояндагони комиссияи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, директори генералии Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, директори иншооти варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндаи телевизиони «Варзиш» доир шуд, хабар додааст котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои протоколии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба татбиқи Барномаи рушди футбол дар мамлакат, дастгирии молиявии Клуби футболи «Шодмон» -и шаҳри Ҳисор, таъмиру тармим ва корҳои ободонӣ ҷиҳати омода намудани варзишгоҳи «Ҷавонӣ» -и шаҳр барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди футбол дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд.
Аз дастгириҳои пайвастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, фаъолияти бозигарони дастаи «Шодмон» дар соли сипаришудаи 2023, инчунин хизмати сармуррабии даста Рустам Хоҷаев, ки ба дастаи «Хуҷанд»-и Лигаи олии мамлакат даъват шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, аз оғоз гардидани таъмиру тармими варзишгоҳи «Ҷавонӣ» ва ҷудо гардидани маблағи зарурӣ бо ин мақсад хабар дод.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки дастаи «Шодмон» аз ҷиҳати молиявӣ мушкилӣ надорад ва аллакай барои пардохти маоши роҳбарияти даста ва бозингарон дар соли 2024 нақшаи хароҷотӣ таҳия шуда, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва бо кумаку дастгирии соҳибкорону ҳаводорони даста маблағи зарурӣ ҷудо ва дастрас гардидааст. Ҳамчунин баъди ҳар ғалабаи «Шодмон» ба бозингарон ҷиҳати ҳавасмандӣ маблағҳои пулӣ туҳфа мешаванд.
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон баъди боздид аз варзишгоҳи «Ҷавонӣ» барои ба талаботи бозиҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани варзишгоҳ, аз қабили сабзазор намудани майдон, насби таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ, бахусус табло ва чароғҳои равшанидиҳандаи иловагӣ, ба тартиб овардани нишастгоҳ ва утоқҳои кориву хизматрасонии иловагии иҷтимоӣ ба масъулин тавсияҳои судманд доданд.
Мавриди тазаккур аст, ки баҳри амалӣ гардидани “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” бо дастгирии Раиси шаҳри Ҳисор дастаи «Шодмон» -и шаҳри Ҳисор моҳи декабри соли 2022 аз нав эҳё шуда, дар муддати кӯтоҳ ба Лигаи якуми мамлакат роҳхат гирифт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






