Дар Суғд беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» баргузор гардид, ки дар он Хуҷанд — шаҳри беҳтарин, Айнӣ — ноҳияи беҳтарин, Адрасмон — шаҳраки беҳтарин, Овчиқалъача — деҳоти беҳтарини вилоят дар соли 2023 дониста шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Озмун ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ шуданд.
Дар бахши «Хонаи истиқоматии беҳтарин» ҷойи якум ва 6000 сомонӣ ба хонаи истиқоматии Муҳаммадмусо Қосимов, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғауфров, ҷойи дуюм ва 4000 сомонӣ ба хонаи истиқоматии Мазбут Бойҷонов, сокини шаҳри Истаравшан ва ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ ба хонаи истиқоматии Маъмур Аъзамзода, сокини шаҳри Гулистон дода шуд.
Дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи аввал ва 6000 сомонӣ, маҳаллаи «Ватан»-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи дуюм ва 4000 сомонӣ, маҳаллаи «Ҷавонон»-и шаҳри Конибодом соҳиби ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ шуд.
Деҳаи Зарафшони деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Зафаробод, деҳаи Саидқалъаи деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон ғолиби бахши «Деҳаи беҳтарин» дониста шуданд.
Дар бахши «Деҳоти беҳтарин» деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ва деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд.
Шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон, шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара дар бахши «Шаҳраки беҳтарин» аз беҳтаринҳо арзёбӣ гардид.
Ноҳияҳои Айнӣ (ҷойи якум ва 10 000 сомонӣ), Ашт (ҷойи дуюм ва 6000 сомонӣ), Мастчоҳ (ҷойи сеюм ва 3000 сомонӣ) ғолибони бахши «Ноҳияи беҳтарин» ва шаҳрҳои Хуҷанд (ҷойи якум ва 10 000 сомонӣ), Истаравшан (ҷойи дуюм ва 6000 сомонӣ) ва Истиқлол (ҷойи сеюм ва 3000 сомонӣ) ғолибони бахши «Шаҳри беҳтарин» эълон шуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмун вимпелу диплом ва туҳфаҳои пулиро супорида, ғолибонро табрик намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






