Дар Суғд масъалаи истифода аз панелҳои офтобӣ барои корхонаҳои саноатиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ширкати «Стейт инвестмент групп компани» Иля-Ванг Тинг Дан масъалаи татбиқи ҳамкорӣ ва воридсозии таҷҳизоти муосир, истеҳсоли энергияи «сабз» бо истифода аз панелҳои офтобӣ барои корхонаҳои саноатӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шудааст. Бо назардошти ин ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ҳамасола садҳо корхонаҳои нав сохта мешаванд. Дар айни замон дар вилоят беш аз 1100 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, талаботи корхонаҳо ба неруи барқ сол аз сол зиёд мегардад.
Бо назардошти ин воридсозии таҷҳизоти замонавӣ ва муосир имкон медиҳад, ки энергияи «сабз» истеҳсол ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ таъмин гардад.
Намояндаи ширкати «Стейт инвестмент групп компани» Иля-Ванг Тинг Дан доир ба хизматрасонии ширкат маълумот дода, омодагии ширкатро барои амалӣ намудани ҳамкорӣ дар самти истифодаи панелҳои офтобӣ иброз намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






